URL (Uniform Resource Locator) тарҷума мешавад "Муайянкунандаи умумии манбаъ". URL ин МУМ мебошад. Мазмунан URL ин суроға аст. Аз ин суроға браузер маълумот мегирад, ки кадом файл даркор, ин файл дар куҷо воқеъ ва бо он чӣ бояд кард. Қисми якуми URL нақша (scheme) номида мешавад. Ин қисм ба браузер бо файле, ки онро нусха бардоштанианд, чӣ кор карданро мефаҳмонад. Нақшае, ки бисёртар истифода мебаред http (HyperText Transfer Protocol) аст, ки он барои коркарди Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Нақшаҳои дигари маъмул ин https барои Web-саҳифаҳои махфи (secured), ftp (File Transfer Protocol) барои додугирифти файлҳо, mailto барои почтаи электрони ва file барои дастрас намудани файли дар диски локали воқеъ буда мебошанд. Қисми дуюми URL ин номи сервере, ки дар он файл ҷойгир аст. Қисми сеюми URL ин роҳ ба файл аст, ки он дар кадом каталог ва зеркаталог воқеъ будани файлро нишон медиҳад. Қисми чоруми URL ин номи файл аст. Бисёр вақт қисми чорум нишон дода нашуда, URL бо рамзи слэш "/" ба итмом мерасад. Дар чунин ҳолат, браузер файли аз рӯи хомуши муайяншударо (одатан, index.htm, index.html, default.html ё main.htm) инъикос мекунад. Ҳангоми истифодаи нақшаҳои http, https, ftp баъди номи нақша рамзи дунуқта ":", ду слэш "//", номи сервер, слэш "/", номи каталогҳо, ки аз ҳам бо слеш "/" ҷудо шудаанд ва номи файл навишта мешаванд. Ҳангоми истифодаи нақшаи mailto, баъди ин нақша рамзи дунуқта ":" ва суроғаи почтаи электрони навишта мешаванд. URL-ҳо ду намуд мешаванд: мутлақ ва нисби. Дар URL-ҳои мутлақ ҳамаи маълумот: нақша, сарвер, роҳ, файл нишон дода мешаванд. Ин монанд аст ба суроғаи пурраи ягон кас бо нишондоди коди мамлакат, мамлакат, шаҳр, кӯча, бино, хона ва ному насаби шахс.

"index.html".

"IMAGES/myphoto.jpg".

"../content.htm".

"../Chapter2/intro.htm".


Мақолаи хурд Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед.